Июл 18, 2018 13:34 Asia/Dushanbe
  • Дифои беҳунаронаи Трамп аз дидораш бо Путин

Раиси ҷумҳурии Амрико дар вокуниш ба интиқодот аз дидори ҷанҷолии вай бо ҳамтои русаш дар Финландия гуфт, ин нишаст беҳтар аз музокироташ бо муттаҳидони Вашингтон дар созмони НАТО буд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Доналд Трамп ҳамчунин бо иддаои ин ки дар нишасти НАТО ба натиҷаи мавриди назари худ даст ёфт, гуфт, нишаст бо Путин ҳатто аз ин нишаст ҳам натиҷаи беҳтаре дошт, аммо он тавр, ки лозим буд, хабарҳои марбут ба он мунташир нашуд.

Мунтақидони демократ ва ҷумҳурихоҳи Амрико Трампро пас аз нишасти Ҳелсинки, ба шикаст дар ба чолиш кашидани Путин дар заминаи мудохилаи иддаоии Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016 –и Амрико ва тазъифи эътибори мақомҳои иттилоотии Вашингтон муттаҳам карданд.

Бо ин ҳол Трамп дар мақоми дифоъ аз худ баромад ва тамоми ёфтаҳои иттилоотии Амрико дар бораи ин ки Русия интихоботи ин кишварро ҳак кардааст, мардуд шумурд.

Раиси ҷумҳурии Амрико сооте баъд ва дар пайи вокуниши шадиди мақомоти амрикоӣ ба изҳороташ гуфт: “Ман ба дастгоҳҳои иттилоотии Амрико бовари комил дорам ва аз онҳо комилан ҳимоят мекунам”.

 

Барчасп