Июл 18, 2018 19:07 Asia/Dushanbe
  • Дахолати густохонаи Трамп дар умури дохилии Эрон

Амрико аз замони шаклгирии низоми ҷумҳурии исломӣ дар Эрон дар соли 1979 ҳамвора рӯйкарде хасмона нисбат ба ин кишвар дошта ва дар ҳар замоне барои заиф кардани ҷумҳурии исломӣ талош кардааст.

Ин талошҳо зарфи 40 соли гузашта ба шаклҳои мухталиф ҷарён доштааст. Бо рӯи кор омадани Доналд Трамп ба унвони раисҷумҳури Амрико дар январи 2017, вай ошкоро ба ибрози душманӣ бо Эрон пардохта ва ҳамнаво бо муттаҳидони минтақаии худ ташдиди иқдомот ба манзури фурупошии ҷумҳурии исломии Эронро хостор шудааст.

Трамп бар ин тасаввур аст, ки бо хуруҷ аз БАРҶОМ ва дар марҳалаи баъд таҷдиди таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон, ончунон режими таҳриме алайҳи Эрон вазъ ва иҷро мекунад, ки дар тӯли таърих бесобиқа хоҳад буд.

Ҳадафи аслии Трамп чунонки борҳо эълом карда, вахомати рӯзафзуни авзои иқтисодии Эрон, ташдиди норизоятиҳои дохилӣ ва дар ниҳоят шаклгирии шӯришҳои густарда дар дохили Эрон дар эътироз ба ин вазъ аст.  

Трамп дар тозатарин мавзеъгирии худ дар ин замина дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Фокс Ниюз муддаӣ шуда, ки эрониҳо дар тамомии шаҳрҳои худ шӯриш доранд. Таваррум густарда ва шоеъ аст ва ба шиддат афзоиш ёфтааст. Онҳо тазоҳуроти бузурге дар тамомии кишвар доштанд, эҳтимолан ба он бузурге, ки пештар надоштаанд ва аз замоне, ки ман тавофуқи ҳастаиро поён бахшидам, набардҳое рух додааст ва хоҳем дид чи мешавад.

Трамп аз як сӯ худ мусаббиби вазъе аст, ки иддао мекунад, дар Эрон вуҷуд дорад, аммо аз сӯи дигар иддаои дилсӯзӣ барои мардуми Эронро дорад.

Вай дар ин бора гуфтааст, ки режими Эрон ба мардум иҷоза намедиҳад, ки бидонанд мо 100 дарсад пушти онҳо ҳастем.

Ҳарчанд Амрико дар талош барои ҳифзи мавқеияти худ ва ҷуброни шикастҳое, ки дар муқобили Эрон мутаҳаммил шуда, сиёсати шикастхурдаи таҳримҳо алайҳи Эронро бори дигар ба иҷро дароварда, аммо ин бор ҳатто шарикони аврупоии Вашингтон низ ҳозир ба ҳамроҳӣ бо он нестанд.

Ин ба маънои танҳоии Вашингтон дар иқдом алайҳи Эрон аст.

 

Барчасп