Путин: Ҳифзи тавофуқи ҳастаии Эрон аҳаммияти зиёде дорад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36752-Путин_Ҳифзи_тавофуқи_ҳастаии_Эрон_аҳаммияти_зиёде_дорад
Раисҷумҳури Русия, хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаии Эронро яке аз иштибоҳоти Доналд Трамп хонд ва бар ҳифзи барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) таъкид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 19, 2018 15:46 Asia/Dushanbe
  • Путин: Ҳифзи тавофуқи ҳастаии Эрон аҳаммияти зиёде дорад

Раисҷумҳури Русия, хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаии Эронро яке аз иштибоҳоти Доналд Трамп хонд ва бар ҳифзи барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) таъкид кард.

Владимир Путин гуфт, ҳифзи ин тавофуқ пас аз хуруҷи Вашингтон аҳаммияти зиёде дорад.  

Путин афзуд, Русия ба унвони яке аз кишварҳои узви Созмони милал ҳамвора ба усули ин созмон пойбанд буда ва мушорикати кишвараш дар масоили мухталифи байналмилалӣ бар асоси манофеи миллии ин кишвар анҷом мешавад.