Ҳушдори Трамп ба Чин: Таърифаҳои шадидтар бар колоҳои чинӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36756-Ҳушдори_Трамп_ба_Чин_Таърифаҳои_шадидтар_бар_колоҳои_чинӣ
Раиси ҷумҳурии Амрико ба Чин ҳушдор дод дар сурати идомаи ҷанги тиҷорӣ, таърифаҳои бештаре бар колоҳои воридотӣ аз Чин ҷорӣ хоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 20, 2018 17:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Трамп ба Чин: Таърифаҳои шадидтар бар колоҳои чинӣ

Раиси ҷумҳурии Амрико ба Чин ҳушдор дод дар сурати идомаи ҷанги тиҷорӣ, таърифаҳои бештаре бар колоҳои воридотӣ аз Чин ҷорӣ хоҳад кард.

Ба гузориши шабакаи CNBC, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар мусоҳиба бо ин шабака таъкид кард, ки омодааст то бар 500 миллиард доллар аз колоҳои воридотӣ аз Чин таърифа ҷорӣ кунад.

Трамп то кунун ду бор бар колоҳои чинӣ таърифаҳои 10-дарсадӣ ва 25-дарсадӣ ҷорӣ карда, ки бо иқдоми мутақобили давлати Чин бар колоҳои амрикоӣ мувоҷеҳ шуда ва миёни ду кишвар ҷанги тиҷорӣ ба вуҷуд омадааст.

Бар асоси ин гузориш, Трамп, ки пас аз дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия бо интиқодҳои шадиде мувоҷеҳ шуд, барои хориҷ шудан аз зери бори фишори ин интиқодҳо низ гуфт, ки ҳамаи дидораш бо Путин низ мусолиматомез набудааст.

Раиси ҷумҳурии Амрико муддаӣ шуд, ки агар равобити миёни Маскав ва Вашингтон беҳбуд наёбад, ман бадтарин душмане хоҳам буд, ки Путин то кунун доштааст.

Трамп дар нишасти хабарии душанбеи гузашта бо Путин, амалкарди ниҳодҳо ва созмонҳои иттилоотии Амрикоро дар заминаи мавзӯи мудохилаи Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016 Амрико зери суол бурд ва гуфт, ки онҳо мадраки мушаххасе дар ин замина надоранд.

Расонаҳо ва маҳофили сиёсии Амрико, Трампро ба вододагӣ дар муқобили Путин муттаҳам кардаанд.