Тарси Кохи Сафед аз ҳадяи Путин ба Трамп
(last modified Sat, 21 Jul 2018 06:22:21 GMT )
Июл 21, 2018 11:22 Asia/Dushanbe
  • Тарси Кохи Сафед аз ҳадяи Путин ба Трамп

Хадамоти амнияти махфии Амрико эълом кард, тӯби футболи ҳадяи раиси ҷумҳурии Русия ба Трамп таҳти баррасиҳои амниятии маъмул қарор мегирад.

Ба гузориши “Асошейтед Пресс”, Хадамоти амнияти махфии Амрико эълом кард, ин шароит барои ҳамаи ҳадяҳое, ки дар ихтиёри раисҷумҳур қарор мегирад, аз ҷумла барои тӯби футболи сурх ва сафеди Ҷоми Ҷаҳонӣ – 2018-и Русия, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Доналд Трамп ҳадя дод, иҷро мешавад.

Путин пас аз музокира бо Трамп дар Финляндия, дар конфронси хабарии муштарак як тӯби футболро ба раисҷумҳури Амрико ҳадя дод.

Трамп гуфтааст, ин тӯбро дар ихтиёри Бэррон, писари 12 солааш, ки ба футбол алоқаманд аст, қарор хоҳад дод.

Аммо Линдси Грем, сенатори ҷумҳурихоҳ ва яке аз мунтақидони Трамп дар Твиттер навишт, ин тӯбро аз бими вуҷуди фанновариҳои шунуд дар он баррасӣ хоҳад кард ва иҷозаи вуруди онро ба Кохи Сафед нахоҳад дод.