Аҳдоф ва паёмадҳои қонуни нажодпарастонаи кишвари яҳуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36791-Аҳдоф_ва_паёмадҳои_қонуни_нажодпарастонаи_кишвари_яҳуд
Кнессет, парлумони режими саҳюнистӣ лоиҳаи нажодпарастонаи “Кишвари яҳуд”-ро 19 июл тасвиб ва ба қонун табдил кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 21, 2018 14:29 Asia/Dushanbe
  • Аҳдоф ва паёмадҳои қонуни нажодпарастонаи кишвари яҳуд

Кнессет, парлумони режими саҳюнистӣ лоиҳаи нажодпарастонаи “Кишвари яҳуд”-ро 19 июл тасвиб ва ба қонун табдил кард.

Мутобиқи қонуни нажодпарастонаи Кишвари яҳуд, ки бо 62 раъйи мувофиқ дар баробари 55 раъйи мухолиф ва ду раъйи мумтанеъ ба тасвиб расид, сарзамини Фаластин ватани таърихии миллати яҳуд хоҳад буд.

Ин қонун забони ибриро ба унвони забони расмӣ эълом мекунад ва сатҳи забони арабиро то ҳадди вазъияти хос поин меоварад, ба ин маъно, ки фақат дар бархе мавориди истисноӣ метавон аз ин забон дар ниҳодҳои саҳюнистӣ истифода кард.

Ин қонун илова бар эъломи шаҳри Қудс ба пойтахтии режими саҳюнистӣ, аз тавсеаи шаҳракҳои саҳюнистнишин ва таъсиси шаҳракҳои ҷадид низ дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳимоят мекунад.  

Қонуни Кишвари яҳуд яке аз аркони тарҳи амрикоии муомилаи қарн маҳсуб мешавад, ки тавассути давлати Амрико тадвин шуда ва раванди иҷрои он низ оғоз шудааст.

Пойгоҳи таҳлилии Мидел Ист Ай дар мақолае ба қалами Бен Воет тасвиби ин қонунро иҷрои апартеид дар сарзаминҳои ишғолӣ номида ва ҳадаф аз онро нобудии ҳуввияти фаластинӣ эълом кардааст.  

Бен Воет навишт: “Тарҳи Кишвари яҳуд тозатарин талоши Исроил барои тасвиби қавонини табъизомез алайҳи фаластиниён маҳсуб мешавад. Қонуни Кишвари яҳуд ва сарнавишти ниҳоии он, бахше аз як ҷанги таърихӣ аст, ки вобаста ба ҷамъият аст. Аз назари исроилиҳо, ин ҷанг бар зарурати иқдомоти шадид алайҳи фаластиниён ва талош барои саркуби онҳо таъкид дорад”.

Ин қонун афзоиш хушунат дар сарзаминҳои ишғолӣ ва шиддат гирифтани даргириҳо миёни Исроил ва Фаластинро дар пай хоҳад дошт.

Тасвиби чунин қавонине дар Кнессети Исроил беш аз ҳар чиз гуёи моҳияти нажодпарастонаи ин режим аст, дар ҳоле, ки нажодпарастӣ даҳаҳост, ки дар ҳуқуқи байналмилал ба унвони як ҷурму ҷиноят талаққӣ мешавад.