Июл 22, 2018 19:09 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайъати Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ба Қатар

Раиси дабирхонаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон эълом кард, ҳайъати муштараке аз Шӯрои олии сулҳ ва уламои Афғонистон барои музокира бо аъзои дафтари сиёсии Толибон ба Қатар эъзом мешавад.  

Пас аз гузоришҳои ахир мабнӣ бар талоши Амрико барои музокира бо Толибон, давлати Афғонистон низ дар назар дорад, то ҳайъате аз уламо ва аъзои Шӯрои олии сулҳро ба Қатар эъзом кунад.  

Акрам Хаплавак, раиси дабирхонаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон гуфт, ҳайъати муштараки ин шӯро бо аъзои Шӯрои уламои Афғонистон барои музокироти мустақим бо аъзои дафтари сиёсии Толибон ба Қатар эъзом мешаванд.