Июл 23, 2018 13:11 Asia/Dushanbe
  • Қатли ду донишманди фаластинӣ дар Алҷазоир

Ду донишманди фаластинӣ ба тарзи машкуке дар Алҷазоир кушта шуданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Алмаёдин”, Сулаймон Муҳаммад Алфаро ва Муҳаммад Ҳамид Албано - ду донишманди фаластинӣ рӯзи якшанбе даруни биное дар Алҷазоир ба тарзи машкуке ба қатл расиданд.

Ин ду муҳаққиқи фаластинӣ аҳли Хон Юнуси Ғазза будаанд, ки эҳтимолан ба дасти афроди Моссад (хадамоти ҷосусии саҳюнистҳо) террор шудаанд.

Дар моҳҳои гузашта режими саҳюнистӣ чанд донишманди фаластинии дигарро ҳам дар кишварҳои мухталиф террор кардааст.

Дар урдубиҳиштмоҳ (апрел)-и гузашта низ Фоди Албатш, донишманди фаластинӣ дар Куала-Лампури Малайзия террор шуд ва ҷунбиши Ҳамос эълом кард, ки радди пойи Моссад дар террори шаҳид Албатш дида мешавад.