Июл 23, 2018 16:24 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон аз афзоиши кишти хашхош

Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон аз афзоиши кишти хашхош дар ин кишвар интиқод кард.

Вазорат эълом кард, дар соли ҷорӣ аз маҷмуи беш аз 300 ҳазор гектар замини зери кишти хашхош, давлати Афғонистон танҳо 600 гектарро тахриб кард.  

Наҷибуллоҳи Аҳмадӣ, раиси назарсанҷии Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ба расонаҳо гуфт, дар соли ҷорӣ бештарин хашхош дар манотиқи ноамни вилоёти Қандаҳор, Нангарҳор, Лағмон, Кунар, Кобул, Балх, Бадахшон, Фароҳ, Фориёб, Бодғис, Самангон, Бағлон ва Ҳирот анҷом гирифта ва идомаи ноамниҳо монеи тахриби ин мазореъ шудаанд.