Хабарнигори боздоштшудаи Ройтерс: Полиси Мянмар тавтеачинӣ кард
Июл 24, 2018 16:41 Asia/Dushanbe
Хабарнигори Ройтерс, ки дар бораи куштори мусулмонони Роҳингия таҳқиқ мекунад, дар ҷаласаи додгоҳи худ дар Мянмар полиси ин кишварро ба тавтеачинӣ барои боздошташ муттаҳам кард.
Ва Лун, хабарнигори ин хабаргузорӣ дар ҷаласаи додгоҳи худ эълом кард, аснодеро, ки додгоҳ бо такя ба он ӯро ба нақзи қонунҳои ҳифзи асрори давлатии Мянмар муттаҳам мекунад, маъмури полисе ба номи Лонс Капрал Наинг Лейн ба таври барномарезишуда дар ихтиёри вай қарор дода буд.
Вай гуфт: Ин маъмури полиси Мянмар аснодеро дар як ресторан ба ӯ таҳвил додааст, аммо вай танҳо чанд дақиқа баъд ва пеш аз онки битавонад аснодро бубинад, боздошт шудааст.