Июл 24, 2018 18:48 Asia/Dushanbe
  • Посухи манфии Туркия ба Амрико дар бораи таҳрими Эрон

Вазири хориҷаи Туркия гуфт: Анкара ба дархости ҳайъати амрикоӣ дар бораи ҳамроҳии Туркия бо Амрико барои таҳрими Эрон посухи манфӣ дод.

Мавлуд Човуш Уғлу дар гуфтугӯ бо нашрияи Ҷумҳурияти Туркия гуфт: Ба ҳайъати амрикоӣ, ки ахиран бо сафар ба Туркия ҳамроҳии Анкараро бо Вашингтон барои иҷрои таҳримҳо зидди Эрон хостор шуда буданд эълом шуд, Анкара ба мусавваботи Амрико зидди Эрон намепайвандад, чун ин мусаввабот хилофи қавонини байналмилалӣ аст.

Вазири хориҷаи Туркия бо таъкид бар идомаи ҳамкории ин кишвар бо Эрон афзуд: Туркия ба хариди нафт аз Эрон идома хоҳад дод ва аз сиёсатҳои ғалати давлатмардони Амрико зидди Эрон пайравӣ нахоҳад кард.