Австралияиҳо Трампи баллониро аз лондониҳо қарз мегиранд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36889-Австралияиҳо_Трампи_баллониро_аз_лондониҳо_қарз_мегиранд
Дар остонаи сафари раисҷумҳури Амрико ба Австралия фаъолони сиёсии ин кишвар дар ҳоли музокира бо Лондон барои дар ихтиёр гирифтани баллони шаш метрии маъруфи Трамп ҳастанд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 25, 2018 17:50 Asia/Dushanbe
  • Австралияиҳо Трампи баллониро аз лондониҳо қарз мегиранд

Дар остонаи сафари раисҷумҳури Амрико ба Австралия фаъолони сиёсии ин кишвар дар ҳоли музокира бо Лондон барои дар ихтиёр гирифтани баллони шаш метрии маъруфи Трамп ҳастанд.  

Пас аз даъвати Мальколм Тернбулл, нахуствазири Австралия аз Трамп, ниҳодҳои мадании ин кишвар машғули музокира барои дар ихтиёр гирифтани ин баллони ғулпайкар шудаанд, ки Трампро ба сурати кӯдаке асабонӣ, ки телефони ҳамроҳ дар даст дорад, нишон медиҳад.

Дар сафари ахири Трамп ба Англия садҳо ҳазор нафар дар эътироз ба сиёсатҳои ӯ даст ба тазоҳурот дар хиёбонҳо заданд ва ин баллонро нахустин бор дар осмони Лондон ба парвоз дароварданд.