Австралияиҳо Трампи баллониро аз лондониҳо қарз мегиранд
Июл 25, 2018 17:50 Asia/Dushanbe
Дар остонаи сафари раисҷумҳури Амрико ба Австралия фаъолони сиёсии ин кишвар дар ҳоли музокира бо Лондон барои дар ихтиёр гирифтани баллони шаш метрии маъруфи Трамп ҳастанд.
Пас аз даъвати Мальколм Тернбулл, нахуствазири Австралия аз Трамп, ниҳодҳои мадании ин кишвар машғули музокира барои дар ихтиёр гирифтани ин баллони ғулпайкар шудаанд, ки Трампро ба сурати кӯдаке асабонӣ, ки телефони ҳамроҳ дар даст дорад, нишон медиҳад.
Дар сафари ахири Трамп ба Англия садҳо ҳазор нафар дар эътироз ба сиёсатҳои ӯ даст ба тазоҳурот дар хиёбонҳо заданд ва ин баллонро нахустин бор дар осмони Лондон ба парвоз дароварданд.