Июл 25, 2018 20:37 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъули ҳамлаи террористӣ дар Балучистони Покистон

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти инфиҷор дар наздикии як ҳавзаи интихоботӣ дар маркази иёлоти Балучистони Покистонро ба уҳда гирифт.  

Ин ҳамлаи террористӣ субҳи чаҳоршанбе ҳамзамон бо кушоиши марокизи ахзи раъйи интихоботи парлумонӣ дар саросари Покистон, дар муқобили исти бозрасӣ дар шаҳри Кувайта рух дод.  

Токунун 35 тан дар ин ҳамла кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.  

Эҳтимоли афзоиши кушташудагон низ вуҷуд дорад.