Таътил шудани марокизи дармонӣ ба иллати таҳдиди Толибон дар Афғонистон
(last modified Thu, 26 Jul 2018 04:49:40 GMT )
Июл 26, 2018 09:49 Asia/Dushanbe
  • Таътил шудани марокизи дармонӣ ба иллати таҳдиди Толибон дар Афғонистон

Чилу шаш маркази дармонӣ ба иллати таҳдиди Толибон дар вилояти Зобул, дар ҷануби Афғонистон таътил шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо” аз Кобул, Идораи ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милал эълом кард, ин марокизи дармонӣ дар манотиқи мухталифи вилояти Зобул ба иллати таҳдиди Толибон фаъолиятҳои худро мутаваққиф кардаанд.

Мақомоти маҳаллии вилояти Зобул эълом карданд, ин вилоят дорои 58 маркази ироаи хадамоти дармонӣ ва беҳдоштӣ аст, ки бо баста шудани 46 марказ 300 ҳазор нафар аз дастрасӣ ба хадамоти дармонӣ маҳрум шудаанд.

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон, наздик ба 40 дарсад аз мардуми ин кишвар ба хадамоти дармонӣ дастрасӣ надоранд.