Интишори санади тарси Трамп аз ҷанг бо вуҷуди раҷазхониҳояш
(last modified Thu, 26 Jul 2018 12:51:17 GMT )
Июл 26, 2018 17:51 Asia/Dushanbe
  • Интишори санади тарси Трамп аз ҷанг бо вуҷуди раҷазхониҳояш

Дар ҳоле, ки Трамп Эронро ба ҷанг таҳдид мекунад, санаде мунташир шудааст, ки нишон медиҳад, ӯ аз ҷанги Ветнам фирор кардааст.  

Чанде пеш сенатор Ҷон Маккейн аз иёлоти Аризона дар гуфтугӯе дар бораи ҷанги Ветнам ба талоши Доналд Трамп барои ширкат накардан дар ҷанги Ветнам ишора кард ва гуфт: Трамп бо гувоҳии пизишкӣ аз рафтан ба ҷанг худдорӣ кард.

Трамп, ки дар ҷавонӣ дар академияи низомии хусусии Ню-Йорк ҳузур дошт, панҷ бор аз гувоҳии пизишкӣ барои эъзом нашудан ба ҷанги Ветнам истифода карда буд.