Июл 26, 2018 20:51 Asia/Dushanbe
  • Ғизои дилбеҳузуркунандае, ки кореяиҳо барои фирор аз гармо мехуранд!

Мардуми Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ барои фирор аз гармо дар тобистон ғизое мехуранд, ки бақияи мардуми ҷаҳон фикри диданашро ҳам наметавонанд бикунанд!

Хурдани супи гушти саг ба таври суннатӣ дар ду кишвари Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба хусус дар моҳҳои гарм роиҷ аст, аммо имсол бо таваҷҷуҳ ба афзоиши камсобиқаи дамои ҳаво дар шарқи Осиё, истиқбол аз ин ғизо ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Дамои ҳаво дар бархе аз шаҳрҳои Кореяи Шимолӣ ба 40 дараҷаи селсиюс расида, ки дар ин кишвар камсобиқа аст.  

Омори дақиқе аз масрафи гушти саг дар Кореяи Шимолӣ мавҷуд нест, аммо дар Кореяи Ҷанубӣ, ки ҳатто раисҷумҳур ҳам саги хонагӣ дорад, дастикам солона ду миллион саг барои гушташон қурбонӣ мешаванд.   

Бо ин ҳол мухолифат бо масрафи гушти саг дар Кореяи Ҷанубӣ ба хусус миёни насли ҷавон ба суръат рӯ ба афзоиш аст ва гурӯҳҳои мухталифе барои мамнуъ шудани масрафи гушти ин ҳайвон талош мекунанд.

Ҳатто дар Кореяи Шимолӣ ҳам мухолифат бо ин одати ғизоӣ ба тадриҷ афзоиш меёбад.