Июл 27, 2018 16:23 Asia/Dushanbe
  • Эъломи расмии пирӯзии “Таҳрики инсофи Покистон” дар интихоботи парлумонӣ

Комиссияи интихоботии Покистон Ҳизби Таҳрики инсофи ин кишвар ба раҳбарии Умронхонро пирӯзи интихоботи парлумонӣ эълом кард.

Ба гузориши Хабаргузории Садо ва Симои Эрон, ин комиссия рӯзи ҷумъа Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон ба раҳбарии Умронхонро пирӯзи интихоботи парлумонии Покистон эълом кард, аммо бо ин ҳол Таҳрики инсоф, аксарияти қотеи ороро касб накардааст ва бояд барои ташкили кобина этилоф ташкил диҳад.

 Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон 114 курсии маҷлиси миллӣ аз 342 курсии парлумони Покистонро аз они худ кард.

Ҳизби Муслимлиги шохаи Навози Покистон ба раёсати Шаҳбоз Шариф наздиктарин рақиби Умронхон низ 63 курсӣ ба даст овард.

 Ба гуфтаи Фуод Чудрӣ сухангӯи ҳизби Умронхон, талош барои ташкили эътилоф бо афроди мустақил ва муттаҳидон аз ҳамин ҳоло оғоз шудааст, аммо ин раванд мумкин аст чанд рӯз тӯл бикашад.

 Бо ин ҳол Шаҳбоз Шариф раҳбари ҳизби Муслимлиги Навоз ва Мавлоно Фазлурраҳмон раиси Ҷабҳаи маҷлиси муътилфаи амал муташаккил аз Ҳизби Ҷамъияти уламои исломии шохаи Фазл, Ҳизби Ҷамоати исломӣ ва Ҳизби Таҳрики исломӣ рӯзи ҷумъа бо интишори баёнияе радди натоиҷи интихоботро рад карданд ва баргузории нишасти муштараки аҳзоби мухолиф бо Таҳрики инсофро хостор шуданд.

 Мухолифони Умронхон муътақиданд тақаллуб ва дасткории густурда дар интихобот сабаби пирӯзии ӯ шуд, аммо сардор Муҳаммад Ризо раиси Комиссияи интихоботии Покистон бо радди эътирози баъзе аз аҳзоби ин кишвар таъкид кард, интихобот ба сурати шаффоф баргузор шуд.

 Вай ҳамчунин гуфт беш аз 55 дарсад аз афроди дорои шароит, дар интихоботи парлумонии рӯзи 25 июл ширкат карданд.

 Покистон 194 милоион нафар ҷамъият дорад, ки 105 миллион нафар дорои шароити раъй додан дар интихоботи парлумонӣ буданд.