Амрикоиҳо мухолифи ҷанг бо Эрон
(last modified Fri, 27 Jul 2018 11:56:22 GMT )
Июл 27, 2018 16:56 Asia/Dushanbe
  • Амрикоиҳо мухолифи ҷанг бо Эрон

Натоиҷи назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, бештари амрикоиҳо мухолифи ҷанг бо Эрон ҳастанд.

Торнамои хабарии рӯзномаи Ҳофингтон-пост натоиҷи назарсанҷии муштараки ин рӯзнома ва Муассисаи афкорсанҷии Югов (Yougov)-ро мунташир кардааст, ки нишон медиҳад 53 дарсади посухгӯён гуфтаанд, мухолифи ҷанг бо Эрон ҳастанд.

Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ фақат 23 дарсад аз амрикоиҳо гуфтаанд, ки дар сурати тасмими давлати Амрико барои эъломи ҷанг алайҳи Эрон, аз он ҳимоят мекунанд.

Назарсанҷии муштараки Ҳофингтон-пост ва Муассисаи афкорсанҷии Югов, аз ҳазор шаҳрванди амрикоии болои 18 сол байни 24 то 25 июли 2018 анҷом шуд.

Торнамои Ҳофингтон-пост навиштааст ин назарсанҷӣ пас аз твитти ҳушдоромези Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар посух ба Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳурии Эрон анҷом шудааст.