Таҳдиди Амрико аз сӯи Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36973-Таҳдиди_Амрико_аз_сӯи_Туркия
Давлати Туркия Амрикоро таҳдид кард, дар сурате, ки Доналд Трамп ҳавопаймоҳои ҷангии ҷадиди F35-ро таҳвили Анкара надиҳад, ба суроғи маҳкамаи байналмилалӣ хоҳад рафт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 29, 2018 14:02 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Амрико аз сӯи Туркия

Давлати Туркия Амрикоро таҳдид кард, дар сурате, ки Доналд Трамп ҳавопаймоҳои ҷангии ҷадиди F35-ро таҳвили Анкара надиҳад, ба суроғи маҳкамаи байналмилалӣ хоҳад рафт.

Ба гузориши ИСНА, рӯзномаи “Дейли-Сабоҳ”-и Туркия навишт: Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳурии Туркия пас аз таҳдиди ҳамтои амрикоии худ бинобар эъмоли таҳримҳо дар сурати озод накардани кашиши амрикоӣ гуфт: Ҳаргиз аз мавзеи худ кӯтоҳ нахоҳад омад.

Давлати Туркия Андрев Брунсонро октябри 2016 ба иттиҳоми иқдомоти террористӣ, ҷосусӣ ва иртибот бо Фатҳулло Гулен боздошт кард.

Равобити Анкара-Вашингтон ба далели иқдоми Туркия бароии хариди С-400 аз Русия, ихтилофи мавозеи ду кишвар дар бораи курдҳои Сурия ва ҳамчунин адами мувофиқати Амрико бо истирдоди Гулен, дучори таниш шудааст.