Июл 30, 2018 13:21 Asia/Dushanbe
  • Вакили мудофеи “Қассоби Босния” кушта шуд

Вакили мудофеи раиси ҷумҳурии собиқи Сербистон ба зарби гулӯла аз пой даромад.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Драгослав Огнёнович, вакили Слободан Милошевич, раиси ҷумҳурии собиқи Сербистон рӯзи шанбе, берун аз сохтмони маҳалли сукунати худ дар Белград, пойтахти ин кишвар кушта шуд.

Вазорати дохилии Сербистон дар баёнияе эълом кард, писари 26 - солаи ин вакил низ дар ин тирандозӣ захмӣ шудааст.

Огнёнович ваколати раисҷумҳурии собиқи Сербистонро, ки ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар авоили даҳаи 2000-ум дар Девони Байналмилалии Кайфарӣ муҳокима шуд, бар ӯҳда дошт.

Милошевич дар соли 2001-ум дастгир шуд ва дар Додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Созмони Милал ба иттиҳоми наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангии дигар нигаҳдорӣ мешуд, аммо пеш аз поёни муҳокимааш дар соли 2006 дар зиндон мурд.

Милошевич, ки ба “Қассоби Босния” шӯҳрат дошт, ба иртикоби ҷинояти ҷангӣ ва наслкушӣ дар Косово, Хорватия ва Босния тайи солҳои 1992 то 1995 муттаҳам шуда буд.

 

Барчасп