Июл 30, 2018 14:20 Asia/Dushanbe

Як донишомӯзи арабистонӣ дар маросими таҷлил аз баргузидагони Олимпиадаи ҷаҳонии химия дар Чехия, сармоягузории миллиардҳодолларии мақомоти кишварашро барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ барбод дод.

Ба гузориши расонаҳои арабӣ, Бадр Салмон Ал-Малҳам, ки нишони нуқраи химияи Олимпиадаи байналмилалии Чехияро касб карда буд, бо парчами кишвараш рӯйи саҳна рафт, аммо ба маҳзи он ки ширкаткунандаи исроилӣ бо парчами режими ишғолгари Қудс канораш истод, билофосила ҷойи худро иваз кард ва дар канори донишомӯзи эронӣ бо парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирифт.

Фаъолони араб бо интишори филми ин ҳаракати донишомӯзи нухба дар фазои маҷозӣ, ба таърифу тамҷид аз ӯ пардохтаанд.