Даъвати Ашраф Ғанӣ аз Имрон Хон барои сафар ба Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36996-Даъвати_Ашраф_Ғанӣ_аз_Имрон_Хон_барои_сафар_ба_Кобул
Раисҷумҳури Афғонистон аз раҳбари пирӯзи "таҳрики инсоф" дар интихоботи парлумонии Покистон барои сафар ба Кобул даъват кард.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 30, 2018 11:27 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Ашраф Ғанӣ аз Имрон Хон барои сафар ба Кобул

Раисҷумҳури Афғонистон аз раҳбари пирӯзи "таҳрики инсоф" дар интихоботи парлумонии Покистон барои сафар ба Кобул даъват кард.  

Ашраф Ғанӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Имрон Хон, пирӯзии ӯро дар интихоботи парлумонии Покистон табрик гуфт ва аз вай барои сафар ба Кобул даъват кард.  

Раҳбари таҳрики инсофи Покистон панҷшанбе дар нахустин нишасти хабарӣ пас аз ба даст овардани 115 курсии маҷлиси миллии ин кишвар гуфт, ҳизбаш хоҳони равобити беҳтар бо Афғонистон аст ва ба талошҳояш барои барқарори сулҳ дар он кишвар идома медиҳад.

Имрон Хон афзуд, амнияти Покистон дар гарави амнияти Афғонистон аст ва замоне, ки ин кишвар аз оромиш бархурдор бошад, Покистон низ оромиш хоҳад дошт.