Иттиҳодияи Аврупо шаш ширкати русиро таҳрим кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37021-Иттиҳодияи_Аврупо_шаш_ширкати_русиро_таҳрим_кард
Иттиҳодияи Аврупо аз қарор додани номи шаш ширкати русии дигар дар феҳристи таҳримҳои ин иттиҳодия хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 31, 2018 11:12 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳодияи Аврупо шаш ширкати русиро таҳрим кард

Иттиҳодияи Аврупо аз қарор додани номи шаш ширкати русии дигар дар феҳристи таҳримҳои ин иттиҳодия хабар дод.

Шӯрои Аврупо имрӯз номи шаш ниҳоди русиро, ки дар сохтани пули Қрим нақш доштанд, ба феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо изофа кард.  

Ин пул шибҳҷазираи Қримро ба Русия мепайвандад ва Аврупо бар ин назар аст, ки сохти ин пул тамомияти арзӣ, ҳокимият ва истиқлоли Украинаро таҳдид мекунад.