Муфтии саршиноси Саудӣ боздошт шуд
(last modified Tue, 31 Jul 2018 11:35:45 GMT )
Июл 31, 2018 16:35 Asia/Dushanbe
  • Муфтии саршиноси Саудӣ боздошт шуд

Нерӯҳои Саудӣ муфтии саршиноси ин кишварро ба сабаби ҳушдор дар бораи саркуби машоих ва мубаллиғони динӣ, боздошт кардаанд.

Нерӯҳои Арабистони Саудӣ Абдулазиз Алфузон, устоди фақеҳи татбиқи муассисаи олии қазоии ин кишварро боздошт кардаанд ва далели ин боздошт, изҳори назар ва ҳушдори вай дар бораи саркуби машоих ва мубаллиғони динӣ будааст.

Пештар низ фаъолони сафаҳоти иҷтимоии Арабистон аз боздошти шайх Алӣ бен Саид Алғомидӣ, мубаллиғи Саудӣ ва шуморе дигар аз фаъолони ҳуқуқи башарӣ дар ин кишвар хабар дода буданд.  

Дар як соли гузашта ба вижа баъд аз интисоби Муҳаммад бен Салмон ба валиаҳдии Арабистон, даҳҳо нафар аз бозаргонон, рӯҳониён, шоҳзодагон ва уламои ин кишвар дастгир ва равонаи зиндон шудаанд.