Ибрози тамоюли Ҳинд барои оғози даври ҷадиди равобит бо Покистон
Июл 31, 2018 19:08 Asia/Dushanbe
Нахуствазири Ҳинд аз тамоюли Деҳлии Нав барои оғози даври ҷадиде аз равобит бо Покистон хабар дод.
Нарендра Муди дар тамоси телефонӣ бо Умрон Хон, пирӯзии таҳрики инсофро дар интихоботи парлумонии Покистон табрик гуфт ва афзуд: Ҳинд барои ҳамкории бештар бо Покистон омодааст, албатта барои ҳалли мушкилот бояд ҳар ду кишвар иқдоми амалӣ сурат диҳанд.
Умрон Хон низ бо ташаккур аз табрик ва орзӯи муваффақияти нахуствазири Ҳинд, таъкид кард, бояд мушкилотро бо истифода аз ройзанӣ ва гуфтугӯ ҳал кард ва ин беҳтарин равиш барои поён бахшидан ба масоил аст.