Ибрози тамоюли Ҳинд барои оғози даври ҷадиди равобит бо Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37025-Ибрози_тамоюли_Ҳинд_барои_оғози_даври_ҷадиди_равобит_бо_Покистон
Нахуствазири Ҳинд аз тамоюли Деҳлии Нав барои оғози даври ҷадиде аз равобит бо Покистон хабар дод.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 31, 2018 14:38 Asia/Dushanbe
  • Ибрози тамоюли Ҳинд барои оғози даври ҷадиди равобит бо Покистон

Нахуствазири Ҳинд аз тамоюли Деҳлии Нав барои оғози даври ҷадиде аз равобит бо Покистон хабар дод.  

Нарендра Муди дар тамоси телефонӣ бо Умрон Хон, пирӯзии таҳрики инсофро дар интихоботи парлумонии Покистон табрик гуфт ва афзуд: Ҳинд барои ҳамкории бештар бо Покистон омодааст, албатта барои ҳалли мушкилот бояд ҳар ду кишвар иқдоми амалӣ сурат диҳанд.  

Умрон Хон низ бо ташаккур аз табрик ва орзӯи муваффақияти нахуствазири Ҳинд, таъкид кард, бояд мушкилотро бо истифода аз ройзанӣ ва гуфтугӯ ҳал кард ва ин беҳтарин равиш барои поён бахшидан ба масоил аст.