Пешниҳоди вазири хориҷаи Афғонистон ба давлати Кобул барои ислоҳи низоми интихоботӣ
Август 01, 2018 19:33 Asia/Dushanbe
Вазири хориҷаи Афғонистон ислоҳот дар низоми интихоботии ин кишварро хостор шуд.
Салоҳиддини Раббонӣ, вазири хориҷа ва раҳбари Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон дар нишасте бо аъзои ин ҳизб, истифода аз равиши биометрик (равиши навини ташхиси ҳуввият)-ро дар раванди интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон зарурӣ донист.
Вай гуфт, равиши биометрик танҳо роҳ барои баргузории интихоботи шаффоф ва солими парлумонӣ ва шӯроҳои вилоятӣ дар Афғонистон аст.