Август 02, 2018 11:21 Asia/Dushanbe
  • Назарсанҷӣ. Муовини Обама Трампро шикаст медиҳад

Бар асоси натоиҷи як назарсанҷӣ, муовини раисҷумҳури пешини Амрико дар сурати ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 метавонад Доналд Трампро шикаст диҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, бар асоси натоиҷи назарсанҷии муассисаи “Morning Consult”, Ҷо Байден, муовини Барак Обама дар сурати ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 метавонад Доналд Трамп, раисҷумҳури кунунии Амрикоро шикаст диҳад. Натоиҷи ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, 44 дарсади амрикоиҳо аз Байден ҳимоят мекунанд, дар ҳоле ки мизони ҳимояти онҳо аз Трамп танҳо 37 дарсад аст.

Байден то кунун ба таври расмӣ тамоюли худро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 иброз накарда, аммо борҳо дар мусоҳибаҳои мухталиф эълом кардааст, эҳтимол дорад, бахти худро дар ин интихобот озмояд. Муовини раисҷумҳури собиқи Амрико аз ҳимояти аксарияти демократҳо бархурдор аст, ба наҳве ки ҳаштод дарсади демократҳо эълом карданд, дар сурати ширкати Байден дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз ӯ ҳимоят хоҳанд кард.

Ин назарсанҷӣ аз 26 то 30-юми июл бо ҳузури 1993 ширкаткунанда анҷом шуд.