Август 03, 2018 20:30 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди писари раиси ҷумҳурии Амрико ва хонаводааш

Писари раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, номае таҳдидомез дарёфт кардааст.

Ба гузориши Спутник, Эрик Трамп дувумин писари Доналд Трамп дар бораи ин номаи таҳдидомез эълом кард, тамоми хонаводааш таҳдид шудаанд ва пудри сафеди машкуке дар манзилаш ёфт шудааст.

Вай аз пӯшиши манфии иқдомоти давлати падараш аз сӯи расонаҳо интиқод кард ва гуфт, онон дастовардҳои мусбати ӯро нодида мегиранд ва ҳамлаҳо алайҳи хонаводаи Трампро раҳбарӣ мекунанд.

Венесса Трамп ҳамсари писари Доналд Трамп низ дар моҳи феврал пас аз онки кифи пули ҳовии пудри сафедро боз кард, барои эҳтиёт ба бемористон мунтақил шуд ва пас аз он мушаххас шуд, ки ин моддаи хатарнок набудааст.

Доналд Трамп бо шуморе аз расонаҳо ихтилофи назар дорад ва онҳоро душманони мардум ва мунташиркунандаи ахбори дурӯғ медонад.