Август 04, 2018 11:49 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Олмон аз вуруди ДИИШ ба Аврупо

Раиси Созмони иттилооти дохилии Олмон аз тамаркузи гурӯҳи террористии ДИИШ барои барномарезии ҳамалоти террористӣ дар Аврупо ибрози нигаронӣ кард.

Ҳанс Георг Маазен дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Фокус” таъкид кард, баъд аз шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ ва Сурия, ҳоло ин гурӯҳи террористӣ тамаркузи худро бар барномарезии ҳамалоти террористӣ дар Аврупо қарор медиҳад.

Маазен афзуд, диишиҳо талош мекунанд иқдомоти террористии хушунатборро аз тариқи афрод ва ё гурӯҳҳои хурд дар Аврупо барномарезӣ ва иҷро кунанд.

Вай идома дод, ин кишвар тавассути бисёре аз гурӯҳҳои мухталифи террористие монанди ДИИШ ва Алқоида ҳамчунон ба унвони душман талаққӣ мешавад ва бидуни тағйир дар тирраси ҳадафи онҳо қарор дорад.

Кишварҳои аврупоӣ дар солҳои ахир борҳо ҳадафи амалиёти гурӯҳҳои террористӣ, ба вижа ДИИШ қарор гирифтаанд.

Кишварҳои ғарбӣ, ки аз ҳеҷ талоше барои кумакрасонӣ ба террористҳо дар Сурия ва Ироқ дареғ накарданд, дар ҳоли ҳозир бо бозгашти аъзои аврупоии террористҳои ДИИШ ва анҷоми ҳамалоти террористӣ мувоҷеҳ шудаанд.