Август 04, 2018 19:15 Asia/Dushanbe
  • Нақши режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи террористӣ дар Пактияи Афғонистон

Муовини раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон аз нақши режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи террористии рӯзи гузашта дар ҷануби шарқи ин кишвар хабар дод.

Муҳаммади Муҳаққиқ бо интишори баёнияе эълом кард, ин ҳамла бо ҳимояти нақши режими саҳюнистӣ аз гурӯҳи террористии ДИИШ шакл гирифт, ки ин амр баёнгари умқи душманӣ ва кинаи саҳюнистҳо ва ҳомиёни онон бо ислом ва мусулмонон аст.  

Вай ҳамчунин аз давлати Афғонистон ба иллати бетаваҷҷуҳӣ дар заминаи таъмини амнияти масҷидҳо дар ин кишвар, интиқод кард.