Август 05, 2018 09:36 Asia/Dushanbe
  • 18 кушта дар ҳодисаи суқути болгард дар Русия

Мақомоти давлати Русия, аз кушта шудани 18 нафар бар асари суқути як болгард дар ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, мақомоти давлати Русия эълом карданд, дар ҳодисаи суқути як болгарди MI-8 дар шаҳри Красноярск 18 нафар кушта шуданд.

Бар асоси ин гузориш, ин ҳодиса рӯзи шанбе дар минтақаи Турханск дар дукилометрии рустои Игорка рӯй дод.

Маркази хадамоти изтирории Русия, иллати суқути ин болгардро нақси фаннӣ эълом кард.

Болгарди MI-8 баъд аз суқут дучори оташсӯзӣ шуд.

Ба гуфтаи мақомоти давлатии Русия, омили аслии ҳодиса нақси фаннӣ ва хатои халбони болгард будааст.

Болгарди MI-8, ки 15 мусофир ва се хадама дошт, ҳудуди ду километр пас аз оғози парвоз суқут кард.

 

Барчасп