Август 05, 2018 10:12 Asia/Dushanbe

Инфиҷори чандин ҳавопаймои бесарнишин бо маводи тарканда дар маҳали суханронии Николас Мадуро раиси ҷумҳурии Венесуэла дар як маросими низомӣ, идомаи ин маросимро мутаваққиф кард.

Ба гузориши ИРНА, инфиҷорҳои даҳшатнок ҳангоми суханронии Николас Мадуро, ки ба сурати зинда аз телевизиони давлатии Венесуэла пахш мешуд, боис шуд Мадуро ва ҳамроҳонаш ин маросимро мутаваққиф кунанд.

Дурбини телевизион сафҳои баҳамрехтаи низомиёнеро нишон дод, ки то чанд лаҳза пеш ба суханронии раиси ҷумҳурии Венесуэла гӯш медоданд ва пас аз инфиҷорҳои шадид, дар ҳоли фирор аз маҳали суханронӣ буданд.

Хабаргузории Рейтер гузориш дод, Хорхе Родригез вазири иттилооти Венесуэла таъйид кард, ин ҳодиса дар чорчуби тарҳе барои террори Мадуро будааст.

Родригез гуфт, чандин ҳавопаймои бесарнишин бо маводи тарканда дар наздикии маҳали суханронии Мадуро мунфаҷир шуд, ки дар натиҷаи он ҳафт низомӣ маҷрӯҳ шуданд.

Ба гуфтаи вай, ҳоли Мадуро, ки пас аз ҳодиса ба суръат аз маҳал хориҷ шуд, хуб аст.