Август 05, 2018 11:12 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъули ҳамлаи террористӣ ба масҷиди шиъаён дар Афғонистон

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористӣ ба намозгузорон дар як масҷиди шиъаён дар шарқи Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Рейтер, гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори баёнияе эълом кард, афроди мусаллаҳи вобаста ба ин гурӯҳ омили тирандозӣ ва инфиҷори бомбаҳо дар масҷиде дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистон буданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар баёнияи худ муддаӣ шуд, дар ҷараёни ин ҳамла 150 нафар аз шиъаён ва неруҳои амниятии афғон кушта шуданд.

Ду террорист рӯзи ҷумъа пас аз вуруд ба масҷиди Имом Замон дар минтақаи Хоҷа Ҳасан дар наздикии шаҳри Гардиз маркази вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистон ва тирандозӣ ба сӯи намозгузорон, маводи инфиҷории ҳамроҳи худро мунфаҷир карданд, ки бар асари он 31 нафар ба шаҳодат расиданд ва беш аз 70 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.