Бозгашт аз ҷанг пас аз 30 сол+видео
(last modified Sun, 05 Aug 2018 06:59:39 GMT )
Август 05, 2018 11:59 Asia/Dushanbe

Як марди украинӣ, ки дар 20 солагӣ барои ҷангидан ба Афғонистон рафта буд, пас аз гузашти 30 сол ба ватан бозгашт.

Ба нақл аз Спутник, Геннадий Севма сокини шаҳри Торезаи вилояти Донетск буд, ки дар 20 солагӣ барои ширкат дар ҷанг ба Афғонистон рафт ва аз сӯи маҷоҳидон ба асорат гирифта шуд.

Вай дар баёни шароити сахти он  даврон мегуяд, дар назарам гуё ҳамин рӯзи гузашта буд, саҳанаҳои ҷанг аз пеши чашмонам дур намешавад.

Ин низомии шуравӣ 30 сол аз умри худро дар ғарибӣ ва дур аз хонавода гузаронд ва тайи ин муддат ба Ислом руй оварда ва номашро ба Некмадад тағйир ва оиладор шуда ва акнун ду фарзанд дорад.

Да видеое, ки бо ин хабар интишор ёфтааст дида мешавад, ки зиндагии ин низомии собиқ дар Афғонистон шабоҳате ба  асорат надорад ва ӯ бо ҳамсар ва фарзандонаш як зиндагии оддӣ доранд.

Ҳаво ҳамсари Геннадий мегуяд: Дар Афғонистон расм аст, ки мардон ҳамсарони худро латукуб мекунанд, аммо дар хонаводаи мо ин иттифоқ намеафтад.

Ба гуфтаи вай ҳамсоягонашон Некмададро бегона медонанд.

Геннадий мегуяд дар ин солҳо борҳо аз ватанаш ёд мекарда вале аз бозгашт метарсида ва фикр мекардааст наздиконаш ӯро хоини ватан бидонанд.

Оқибат Геннадий пас аз 30 сол ба ватан баргашт ва дар видео лаҳзаҳои эҳсосӣ дида мешавад, ки ҳамсари Геннадий ӯро бо гиря гусел мекунад ва наздиконаш бо гиря  вайро дар ватан пешвоз мегиранд.