Август 06, 2018 10:47 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори талафоти заминларзаи Индонезия

Шумори талафоти заминларзаи рӯзи якшанбеи Индонезия ба 82 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши ИРНА, Орифин Муҳаммад Ҳодӣ, раиси бахши мудирияти буҳрони созмони “Салиби Сурх” - и Индонезия гуфт, бар асари ин заминларза ҳазорон хона дар ҷазираҳои Ломбок ва Балии ин кишвар вайрон ва садҳо нафар низ осеб диданд.

Мақомоти Индонезия пештар шумори талафоти ин заминларзаро 19 нафар эълом карда буданд.

Ин зилзила дар умқи 31 километрии замин, дар шимолитарин нуқтаи ҷазираи Ломбок рух дод ва дар нимаи ғарбии ҷазираи Бали ҳам эҳсос шуд.

Созмони заминшиносии Амрико ибтидо шиддати ларзаро ҳафт риштер эълом кард, аммо дар гузориши баъдии худ онро 0.1 воҳид коҳиш дод.

Ҳафтаи гузашта низ заминларзае ба бузургии 6.4 риштер ин ҷазираро ларзонда буд.

Индонезия бо ҷамъияти беш аз 260 миллион нафар, рӯйи камарбанди мавсум ба “ҳалқаи оташ” қарор дорад, ки зилзилаҳои зиёд ва шадиде дар он рух медиҳад.

 

 

Барчасп