Август 07, 2018 18:16 Asia/Dushanbe
  • Боло гирифтани таниш миёни Арабистон ва Канада

Давлати Саудӣ дар идомаи таниш бо Канада эълом кард, донишҷӯёни бурсияи арабистониро аз Канада хориҷ мекунад.  

Риёз, ки дар паи бурузи таниш дар равобит бо Оттава дирӯз сафири Канада дар Арабистонро ихроҷ карда ва сафири худро низ фаро хонда буд, имрӯз низ эълом кард, табодули донишҷӯ миёни Арабистон ва Канада мутаваққиф мешавад.

Муборак Алъасимӣ, вазири омӯзиш ва парвариши Саудӣ дар ҳисоби Твиттери худ навишт: Арабистон ҳама барномаҳои омӯзишӣ ва бурсия ва табодули донишҷӯро бо Канада мутаваққиф мекунад ва ҳафт ҳазор донишҷӯи бурсияи худ дар Канадаро ба кишварҳои дигар ҳамонанди Англия, Амрико, Австралия ва Зеландияи Нав хоҳад фиристод.