Август 08, 2018 20:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Иттиҳодияи Аврупо ба ширкатҳои аврупоии табаияткунанда аз таҳрими Амрико

Бо оғози даври ҷадиди таҳримҳои ҳастаии Амрико алайҳи Эрон дар 7 августи 2018, Иттиҳодияи Аврупо дар ростои ҳифзи тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, иҷрои тадобири эъломшуда барои идомаи муровидоти тиҷорӣ, молӣ ва иқтисодӣ бо Эронро бо иҷрои нусхаи ба рӯз шудаи қонуни масдудсозӣ дар чорчуби бастаи пешниҳодӣ ба Эрон оғоз кард.  

Қонуни масдудсозӣ ширкатҳои аврупоиро аз ҳамроҳӣ ва табаият аз таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон манъ кард.

Ин қонун раъйи ҳеҷ додгоҳе барои эъмоли муҷозотҳои билқуваи Амрико алайҳи ширкатҳои аврупоӣ, ки бо Эрон робитаи тиҷорӣ барқарор кунандро ба расмият намешиносад.

Иттиҳодияи Аврупо ба ширкатҳои аврупоӣ ҳушдор дод, дар сурати қатъи равобити тиҷорӣ бо Эрон ба далели тарс аз муҷозотҳои Амрико, бо таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо мувоҷеҳ хоҳанд шуд.  

Натали Точи, мушовири Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт: Агар ширкатҳои аврупоӣ аз таҳримҳои Амрико зидди Эрон табаият кунанд, бо таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи Фредрик Отран, коршиноси сиёсӣ, расидан ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон бисёр печида ва замонбар буда ва бо таваҷҷуҳ ба адами вуҷуди субот дар Ховари Миёна, манфиати ҳеҷ як аз кишварҳои имзокунандаи ин тавофуқнома, чи русҳо, чи чиниҳо, чи аврупоиҳо ва ҳатто амрикоиҳо, дар тазъифи бештари суботи минтақа нест.

Дар сурти лағви БАРҶОМ, мавқеияти Аврупо дар сатҳи байналмилалӣ осеб хоҳад дид.

Дар ин сурат эътибори Аврупо ба унвони мотори муҳаррикаи музокироти БАРҶОМ ва назорат бар он зери савол хоҳад рафт.

Дар муқобил иқдомоти барҷомии Аврупо ва талоши он барои ҳифзи БАРҶОМ, мавзеи Эрон равшан аст.

Эрон дар ин росто эълом карда, ки то замоне дар БАРҶОМ боқӣ хоҳад монд, ки дар ростои манофеаш бошад.  

Аврупо бояд ба иқдомоти худ суръати бештар дода ва талош кунад, то ҳадди имкон таъсири таҳримҳои Амрикоро хунсо кунад.

 

 

Барчасп