Ҳушдори Туркия ба Амрико: Посухи ҳамсон медиҳем!
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37249-Ҳушдори_Туркия_ба_Амрико_Посухи_ҳамсон_медиҳем!
Вазорати хориҷаи Туркия Амрикоро ба вокуниши муносиб дар баробари вазъи тарофа ё нархнома бар воридоти фӯлоду алюминиюм аз он кишвар таҳдид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 11, 2018 05:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Туркия ба Амрико: Посухи ҳамсон медиҳем!

Вазорати хориҷаи Туркия Амрикоро ба вокуниши муносиб дар баробари вазъи тарофа ё нархнома бар воридоти фӯлоду алюминиюм аз он кишвар таҳдид кард.

Ба гузориши “Рейтерс”, Вазорати хориҷаи Туркия рӯзи ҷумъа бо судури баёнияе дар иртибот бо тасмими Амрико ба вазъи тарофа бар воридоти фӯлоду алюминиюм аз он кишвар эълом кард, Туркия ҳам дар баробари тасмими ҷадиди Амрико иқдоми ҷавобӣ бармедорад.

Вазорати хориҷаи Туркия изҳор дошт, таҳриму фишорҳои Амрико фақат ба равобити ду кишвар осеб мезананду ихтилоф бо дипломатия, гуфтугӯ, ҳусни нияту тафоҳуми дуҷониба ҳалу фасл мешавад.

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Туркия ҳамчунин омадааст: “Эъмоли тарофа бар воридоти фӯлоду алюминиюм нақзи муқаррароти Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи ҷумъа тарофаи воридотии фӯлоду алюминиюм аз Туркия ба он кишварро ду баробар кард.

Амрико ҳафтаи гузашта ҳам ба дунболи худдории Туркия аз озодии Андрей Бронсон, кашиши амрикоии боздоштӣ дар Туркия, таҳримҳое алайҳи ду вазири кобинаи Эрдуғон ҷорӣ кард.

Бо таҳаррукоти сиёсии Амрико “лира” - пули миллии Туркия имсол ҳудуди 35 дарсад арзиши худро дар баробари доллари Амрико аз даст додааст ва рӯзи ҷумъа низ ба пойинтарин сатҳ дар баробари доллар расид.