Талоши Аврупо барои тадовуми иртиботи молӣ бо Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37273-Талоши_Аврупо_барои_тадовуми_иртиботи_молӣ_бо_Эрон
Сафири Австрия дар ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Ҳадафи аслии Иттиҳодияи Аврупо, барқарор нигаҳ доштани каналҳои молӣ ва иртиботӣ барои истифодаи Эрон аз манофеи БАРҶОМ аст.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 11, 2018 14:44 Asia/Dushanbe
  • Талоши Аврупо барои тадовуми иртиботи молӣ бо Эрон

Сафири Австрия дар ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Ҳадафи аслии Иттиҳодияи Аврупо, барқарор нигаҳ доштани каналҳои молӣ ва иртиботӣ барои истифодаи Эрон аз манофеи БАРҶОМ аст.  

Шефан Шулз, сафири Австрия дар Эрон дар боздид аз маркази хадамоти сармоягузории устони Язди Эрон, бо баёни инки ҳадаф аз сафар ба устонҳои муҳими Эрон, нишон додани азм ва иродаи аслии Иттиҳодияи Аврупо ва Австрия дар тадовуми ҳамкорӣ бо Эрон аст, изҳор кард: Эрон бо таваҷҷуҳ ба амал ба мафоди БАРҶОМ, шоистаи баҳрамандӣ аз манофеи ин тавофуқ аст.  

Шулз бо ишора ба инки Иттиҳодияи Аврупо ва Австрия, омодаи кумак ба Эрон барои гузар аз шароити таҳримҳо ҳастанд, тасреҳ кард: Австрия бо таваҷҷуҳ ба инки аз лиҳози бархурдорӣ аз нерӯи инсонӣ дар ҷамъи 15 қудрати муҳими ҷаҳон қарор дорад, метавонад дар Язд сармоягузорӣ кунад.