Дархости мусулмонони Британия барои бархурд бо Ҷонсон
Мусулмонони Британия, таҳқиқоти комил аз Борис Ҷонсон, вазири хориҷаи пешини ин кишварро ба далели изҳороти зиддиисломиаш хостор шуданд.
Рӯзномаи британияии Гордиян навишт, Шӯрои мусулмонони Британия дар номае ба Тереза Май, нахуствазири Британия, таҳқиқоти комил аз Борис Ҷонсонро ба далели изҳороти тавҳиномезаш дар бораи истифодаи занони мусулмон аз пушиши бурқаъ, хостор шуданд.
Шӯрои мусулмонони Британия бузургтарин созмони исломии ин кишвар аст.
Аъзои ин шӯро дар ин нома бо таъкид бар инки касе набояд иҷоза дошта бошад, ки ақаллиятҳоро қурбонӣ кунад, ёдовар шуданд: Аз замони интишори мақолаи муноқишабарангези Ҷонсон дар тавҳин ба пушиши занони мусулмон, ҳаводиси ношӣ аз исломситезӣ афзоиш ёфтааст.
Ҷонсон ахиран дар мақолае дар рӯзномаи Дейли Телеграф занони мусулмонони дорои пӯшиши исломиро ба почта ва дуздони бонк ташбеҳ карда буд.