Дархости намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул барои муҳокимаи генерал Дӯстум
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37357-Дархости_намояндагии_Иттиҳодияи_Аврупо_дар_Кобул_барои_муҳокимаи_генерал_Дӯстум
Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул муҳокимаи генерал Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистонро хостор шуд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 14, 2018 19:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул барои муҳокимаи генерал Дӯстум

Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул муҳокимаи генерал Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистонро хостор шуд.  

Ин дафтар бо судури баёнияе эълом кард, мутобиқи қонун, давлати Афғонистон бояд ба парвандаи генерал Дӯстум расидагӣ кунад.  

Дар баёния омадааст: Давлати Афғонистон бояд ҳарчи сареътар ба иттиҳомоти Аҳмад Ишчӣ, волии собиқи Ҷузҷон зидди генерал Дӯстум расидагӣ кунад ва ин иттиҳодия мунтазири натоиҷи иқдомоти қонунии давлат аст.