Оташ задани 80 мошин дар Шветсия аз сӯйи афроди ниқобдор + видео
(last modified Wed, 15 Aug 2018 07:40:08 GMT )
Август 15, 2018 12:40 Asia/Dushanbe

Полиси Шветсия эълом кард, 80 мошин аз сӯйи афроди ношинос ба оташ кашида шуд.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, полиси Шветсия рӯзи сешанбе эълом кард, ин мошинҳо дар ғарби Шветсия дар тӯли шаб ба оташ кашида шудаанд.

Полис ҳадс мезанад, ки ин ҳамлаи ҳамоҳангшуда аз чандин ҳафтаи қабл аз интихоботи саросарӣ аст.

Бештари мошинҳо дар ҳудуди 20 нуқта дар Гётеборг, дувумин шаҳри бузурги Шветсия ба оташ кашида шуд.

Мақомот мегӯянд, ҳеҷ гумонбаре то кунун дастгир нашуда ва ангезаи ин ҳамалот мушаххас нашудааст.

Полис дар айни ҳол эълом кард, чандин нафарро дар иртибот бо ин оташзаниҳо, ки мақомот гумон доранд дар шабакаҳои иҷтимоӣ созмондеҳӣ шудааст, шиносоӣ кардааст.