Радди дархости поён ёфтани ҳасри хонагии кашиши амрикоӣ дар Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37381-Радди_дархости_поён_ёфтани_ҳасри_хонагии_кашиши_амрикоӣ_дар_Туркия
Додгоҳи Туркия бори дигар дархости вакили Эндрю Брунсон, кашиши амрикоиро барои озодии муваккилаш аз боздошти хонагӣ дар Туркия рад кард.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 15, 2018 13:23 Asia/Dushanbe
  • Радди дархости поён ёфтани ҳасри хонагии кашиши амрикоӣ дар Туркия

Додгоҳи Туркия бори дигар дархости вакили Эндрю Брунсон, кашиши амрикоиро барои озодии муваккилаш аз боздошти хонагӣ дар Туркия рад кард.  

Додгоҳи Туркия пештар низ дархости вакили Эндрю Брунсонро барои рафъи ҳасри хонагии муваккилаш рад карда буд.

Давлати Туркия Эндрю Брунсонро октябри 2016 ба иттиҳоми иқдомоти террористӣ, ҷосусӣ ва иртибот бо Фатҳуллоҳ Гулен боздошт кард ва ӯ ҳамакнун дар ҳабси хонагӣ дар Туркия ба сар мебарад.