Август 15, 2018 21:06 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омори куштаҳои низомӣ ва ғайринизомии афғон дар Ғазнӣ

Манобеи амниятии Афғонистон шумори куштаҳои низомӣ ва ғайринизомии афғонро дар панҷ рӯзи даргирӣ бо аъзои Толибон дар шаҳри Ғазнӣ беш 200 нафар эълом карданд.

Бар асари даргириҳои панҷ рӯзи гузаштаи нерӯҳои амниятӣ ва артиш бо аъзои Толибон дар Ғазнӣ, 145 нерӯи давлатӣ ва 60 ғайринизомии афғон ҷон бохтанд.

Ориф Нурӣ, сухангуи волии Ғазнӣ гуфт, токунун аҷсоди 35 ғайринизомии афғон шиносоӣ шудаанд, ки бештари онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.

Вай афзуд: 530 нафар аз аъзои Толибон низ дар ин даргирӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Аъзои Толибон аз бомдоди ҷумъа ҳамлаи густурдаеро ба шаҳри Ғазнӣ оғоз карданд ва ба муддати панҷ рӯз бо нерӯҳои амниятӣ ва артиши Афғонистон даргир буданд.

Даргирии байни нерӯҳои амниятӣ ва артиши Афғонистон бо Толибон дар Ғазнӣ дирӯз бо поксозии ин шаҳр аз вуҷуди Толибон поён ёфт.

Аҳолии шаҳри Ғазнӣ, ки ба далели ҷанг ва даргирӣ аз хонаҳои худ хориҷ шуда буданд, акнун дар ҳоли бозгашт ҳастанд ва авзои шаҳр ба ҳолати оддӣ бозгашта, аммо амалиёти поксозӣ ва даргириҳои пароканда дар атрофи шаҳр идома дорад.

Дафтари намояндагии Созмони милал дар Афғонистон аз авзои амниятии Ғазнӣ ва куштори ғайринизомиён ибрози нигаронӣ карда ва аз тарафҳои даргир хостааст, ба имдодрасонони осеб ворид накунанд, то онҳо ба вазоифи худ амал кунанд.