Кушта шудани 10 нафар бар асари инфиҷори бомб дар Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37390-Кушта_шудани_10_нафар_бар_асари_инфиҷори_бомб_дар_Кобул
Дастикам 10 нафар бар асари инфиҷори бомб дар ғарби шаҳри Кобули пойтахти Афғонистон кушта шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 15, 2018 16:45 Asia/Dushanbe

Дастикам 10 нафар бар асари инфиҷори бомб дар ғарби шаҳри Кобули пойтахти Афғонистон кушта шуданд.

Як муҳоҷим чаҳоршанбе вориди як маркази омӯзишӣ дар минтақаи Дашти Барчӣ дар ғарби Кобул шуд ва муҳиммоти ҳамроҳи худро мунфаҷир кард, ки бар асари он дастикам 10 нафар кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шуданд.  

Токунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар уҳда нагирифтааст.

Дар моҳҳои гузашта шаҳри Кобул шоҳиди чанд инфиҷори террористӣ будааст, ки бар асари он шумори зиёде аз мардум кушта ва ё захмӣ шудаанд.

Ин инфиҷорҳои террористиро маъмулан ДИИШ ва ҳамчунин Толибон бар уҳда мегиранд.