“iPhone”-шиканӣ ва долларсӯзонӣ дар Туркия
Август 16, 2018 12:16 Asia/Dushanbe
Туркҳо пас аз фарохони Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар бораи таҳрим, аз хариди колоҳои сохти Амрико, аз ҷумла телефони “iPhone” худдорӣ меварзанд.
Кор ба инҷо кашида, ки соҳибони “iPhone”, телефонҳои ҳамроҳи худро дар ҳузури ом мешикананд ва ин видео, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст мешавад, ҳокӣ аз бологирии мавҷи эътирозоти туркҳо, алайҳи Амрико аст.
Онҳо ҳамчунин иқдом ба сӯзондани намодини доллар ё табдили доллар ба лир (пули милли Туркия) барои кумак ба иқтисоди кишварашон кардаанд.