Август 21, 2018 08:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти террористӣ дар Чеченистон

Гурӯҳи террористии ДИИШ шаби душанбе масъулияти чандин ҳамла ба нерӯҳои пулис дар Ҷумҳурии Худмухтори Чеченистони Русияро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, террористҳо рӯзи душанбе ба як постгоҳи пулис дар Грозний, пойтахти Ҷумҳурии Худмухтори Чеченистон ҳамла карданд, ки дар пай он як маъмури пулис кушта ва ду маъмури дигар ва як ғайринизомӣ маҷрӯҳ шуд. Аносири ДИИШ рӯзи душанбе ҳамчунин ба як маркази пулис дар шимоли ин ҷумҳурӣ ҳамла карданд. Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Худмухтори Чеченистон эълом кард, дар ин ҳамла ду маъмури пулис маҷрӯҳ шудааст.

Як омили интиҳорӣ низ рӯзи душанбе ба як постгоҳи пулис дар рустои Мескер-Юрти ин ҷумҳурӣ ҳамла кард, аммо муваффақ ба мунфаҷир кардани худ нашуд.

Манотиқи мухталифи Русия дар моҳҳои ахир шоҳиди чандин ҳамлаи террористӣ будаанд. Русия аз миёнаҳои соли 2015 ба дархости расмии давлати Сурия дар ин кишвар мавозеи террористҳои ДИИШ ва “Ҷабҳатуннусра”-ро бомбаборон мекунад ва ҳамин амр сабаби афзоиши ҳамалоти террористӣ дар Русия шудааст.