Август 25, 2018 14:28 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҳамдастии Амрико бо Арабистон дар куштори яманиҳо

Интишори филме, ки дар он ҳавопаймоҳои сӯхтрасони Амрико дар наздикии соҳилҳои Яман дар ҳоли таъмини сӯхти ҷангандаҳои саудӣ ҳастанд, изҳороти мақомоти Яман дар бораи мушорикати Вашингтон дар ҷанг алайҳи ин кишварро таъйид мекунад.

Гурӯҳи иттилоърасонии “Ал-Олам ал-Ҳарбӣ” – и Лубнон ҷумъашаб филме мунташир кард, ки дар он як ҳавопаймои сӯхтрасони Амрико дар наздикии савоҳили Яман, дар обҳои баҳри Сурх ба ҷангандаҳои саудӣ сӯхтрасонӣ мекунад.

Дар тӯли беш аз се сол аз оғози ҷанги эътилофи саудӣ – иморотӣ, мақомҳои артиш ва ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман борҳо эълом кардаанд, ки нерӯҳои амрикоӣ ва саҳюнистӣ дар ин ҷангу куштори мардуми Яман мушорикат доранд.

Шабакаи телевизионии Си Эн Эн пас аз ҳамлаи эътилофи саудӣ дар августи соли гузашта алайҳи донишомӯзон, тайи гузорише мустанад бо ҳамкории хабарнигорон ва коршиносони таслиҳотӣ эълом кард, бомбаи мавриди истифода дар ин ҳамла бомбаи 227 килограмии МК - 82, сохти ширкати амрикоии “Локҳед Мортин” будааст.

Эътилофи саудӣ 9 – уми август дар ҳамлаи ҳавоӣ ба як автобуси ҳомили донишомӯзони яманӣ дар вилояти Саъда, 55 тан аз онҳоро ба коми марг кашонд ва беш аз 70 тани дигарро роҳии бемористон кард ва ин ҳамларо “қонунӣ ва машруъ” унвон кард.

Ҷангандаҳои саудӣ 23 – юми август дар дувумин ҷинояти худ тайи фақат 15 рӯз ба мошини ҳомили кӯдакон ва занони овора дар шаҳристони Аддурайҳамии вилояти Ҳудайда (ғарби Яман) ҳамла карданд, ки дар ин ҳамла 27 кӯдак ба ҳамроҳи 4 зан ба хоку хун кашида шуданд.

 

Барчасп